Ташаккули маърифати экологии хонандагон

Ташаккули маърифати экологии хонандагон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 26.12.2019 пешниҳод намуданд, ки: «Ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шаванд. Чанде пештар масъалаи саноатикунонии кишвар ба миён гузошта шуда буд. Ҳама дурнамоиҳои дар назардошташуда, мо омӯзгоронро муваззаф мекунанд, ки дар тайёр намудани насли ҷаҳонбинии васеъдошта ва ташаккулёфта саҳмгузор бошем.

Дар шароити рушди иқтисодӣ ва саноатикунонии ҷумҳуриамон масъалаи ҳифзи муҳити зист аҳамияти бағоят калонро доро мешавад ва риояи меъёрҳои он дар навбати аввал меистанд. Вобаста ба ин моҳияти гузаронидани омӯзишҳои ҳолати муҳити зист, динамикаи тағъирёбии он, муайянкунии сабабҳо ва сарчашмаҳои зиёновар ба табиат, коркард ва амалигардонии чорабиниҳо доир ба беҳгардонии вазъи экологии муҳит, самаранок истифодабарии боигариҳои табиат, гузаронидани корҳои тарбиявӣ дар ҳама зинаҳои муассисаҳои таълимӣ мавқеӣ баландро касб мекунанд.

Пӯшида нест, ки айни ҳол маърифати экологии чӣ ҷавонону чи калонсолон ҷавобгуи замон нест. Ифлосиҳои зиёде дар канорҳои роҳравҳо ва атрофи хонаҳои истиқоматӣ ба чашм мерасанд. Ҳодисаҳои буридани дарахтҳои сояафкану шикастани бутаҳои ороишӣ зуд-зуд рӯй медиҳанд. Биноҳои сохташудаистода, боякдигар хело ҳам зич мебошанд. Мавқеӣ майдончаҳои бозикунии кӯдакон танг шуда истодаанд. Аксари ошхонаҳо дар биноҳои тангу торик ҷой дода шудаанд ва дар онҳо аз ҳавои тоза дида, бӯи нофорам бисёртар ба димоғ мерасад. Норасогиҳои экологии баёншуда гувоҳи онанд, ки масъалаи солимии инсон дар навбати дуюм истодааст. Замоне фаро расидааст, ки аз пайи ислоҳи ингӯна камбудиҳо шавем.

Барои ҷомеаи ҳозиразамон насле зарур аст, ки қарори мустақилона қабул карда тавонад, ташаббускор бошад, барои амали иҷро мекардаашон ҳисси масъулиятшиносӣ дошта бошад. Тарбияи чунин насл ба ӯҳдаи мо педагогҳо вогузор шудааст ва мо бояд ин масъулияти баландро ӯҳдабароӣ намоем. Дар навбати аввал машғули баландбардории савияи дониши худ бошем, усулҳои нав ба нави таълиму тарбияро ҷустуҷӯ намоем ва аз таҷрибаи кори пешқадами дигарон истифода намоем. Технологияи педагогии ҳозиразамонро дар таълими фанҳо тадбиқ кунем. Барои фаъолияти эҷодии хонандагон шароит муҳайё созем. Дар хонандагон завқи устувори азбаркунии донишро бедор намоем. Бо ин васила метавонем, ки дар тарбияи экологӣ ва ташаккули маърифати экологии кӯдакону наврасон саҳми босазое гузорем.

Дар раванди таълими фанҳо, барои тарбияи экологӣ ва ташаккули маърифати экологии кӯдакону наврасон пайдокунонии фаҳмишҳои зерин арзиши баланд доранд:

- Дар онҳо парваридани рағбат нисбат ба табиат, ҳодисаҳои табиат ва шаклҳои организмҳои зинда;

- Муносибати арзишнок намудан ба табиат ва ҳама шаклҳои организмҳои зинда;

- Ҳосил кунонидани таҷрибаи одитарини фаъолияти ҳифзкунии табиат;

- Муносибати эҳтииёткорона бо растаниҳою ҳайвонҳо;

- Азбаркунии тассавуроти одитарин дар бораи маърифатҳои экологии миллати тоҷик ва дигар халқиятҳо;

- Азбаркунии меъёрҳои этикаи экологӣ ва ғайраҳо;

Ташкил намудану гузаронидани чорабиниҳо доир ба тарбияи экологии хонандагон:

- Сафарбар намудани кӯдакону наврасон барои шинонидани гулу бутаҳо ва дарахтҳо дар қитъаи таҷрибавии назди муассисаи таълимӣ;

- Нигоҳубини парандаҳои дар «Гӯшаи зоологӣ»-и муассисаи таълимӣ;

- Ҷалб намудани кӯдакону наврасон барои рубучину партофтани ифлосиҳои саҳни муассисаи таълимӣ;

- Ҷалб намудани кӯдакону наврасон дар машғулиятҳои ташкилотҳои экологии ҷамъиятӣ;

- Сафарбаркунии наврасон барои ёрӣ расонидан ба падару модарон дар корҳои боғдорӣ, чорводорӣ ва полиздорӣ;

- Дар муассисаи таълимӣ гузаронидани чорабиниҳои гуногун дар мавзӯъҳои экологӣ;

- Дар муассисаи таълимӣ ташкил намудани вохуриҳо бо чорводорону боғбонҳои пешқадам;

- Дар мактабҳо созмон додани маҳфили «Посбони сабз» ;

- Ташкил намудани сайёҳат ба гармхонаҳо, боғҳою фермаҳои наздиктарин ва ғайраҳо.

Ташаккули маърифати экологии кӯдакону наврасон имконият фароҳам меорад, ки рушди саноатикунонии ҷумҳуриамон суръати тоза гирад ва ҳифзи муҳити зист беҳтар гардад. Дар ҳалли масъалаҳои асосии экологӣ нақши муҳимро таълими фанҳои биология, химия, физика ва ҷуғрофия мебозанд. Дар ҳама муассиса ва ташкилотҳо низ гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳию тарбиявӣ доири ин мавзӯъ аз аҳамият холӣ нест.

 

Арофатхон Ҷураева - узви фаъоли Иттифоқи касаба,

саромӯзгори Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Бохтар

ба номи Носири Хусрав