Раёсати ғайринавбатии Иттифоқи касаба

Раёсати ғайринавбатии Иттифоқи касаба
Раёсати ғайринавбатии Иттифоқи касаба
Раёсати ғайринавбатии Иттифоқи касаба
Раёсати ғайринавбатии Иттифоқи касаба
Санаи 14.06.2022, соати 09:00 дар толори маҷлисгоҳи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон Раёсати ғайринавбатии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон бо иштироки М.Ширинзода-раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон, аъзоёни раёсат ва як қатор раисони ташкилотҳои ҳудудию ибтидоӣ ҷиҳати баррасии 4 масъала, аз қабили ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон, сафарбаркунии кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Файзи Истиқлол», вазъи фаъолияти молиявии Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Дӯстӣ ва ташкили хонишҳои дохилиидоравӣ вобаста ба мутолиаи умумии шоҳасари «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров доир гардид.
Оид ба масъалаи аввали рӯзнома ҷиҳати таъмини қарори раиси вилояти Хатлон аз 23 майи соли 2022, №163 «Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, №211 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2022» нақшаи чорабиниҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон таҳия ва тасдиқ гардид. Инчунин вобаста ба таъмини нақшаи чорабиниҳои комиссия дар ҳайати 5-нафар таъсис дода шуд. Оид ба масъалаи дуюми рӯзнома ҷиҳати сафарбаркунии кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Файзи Истиқлол» нақшаи фарогирии кӯдакон тасдиқ карда шуд. Инчунин ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил намудани чорабинии мазкур тавсияҳои мушаххас дода шуд. Аз ҷониби мудири шуъбаи молия, банақшагирӣ ва хоҷагидорӣ вобаста ба рафъи камбудиҳо дар фаъолияти молиявии Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Дӯстӣ, ки зимни санҷиши ғайринақшавӣ ошкор гардид, супоришҳо дода шуд. Вобаста ба масъалаҳои болозикр қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.