Паёми табрикотӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Паёми табрикотӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ҳамватанони азиз!

Сулҳ таҷассумгари якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардум аст. Ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, сар аз як гиребон берун овардан, поктинату миллатдӯст буданро ифода мекунад. Он таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, моҳияти ҳастии инсон дар замину замон аст. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Имрӯз 27-июн дарахти сулҳу ваҳдати тоҷикон меваҳои шаҳдборе ба бор овардааст. Чун як фарзанди бонангу номуси миллат, бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболам ва бо ифтихор метавонам гӯям, ки пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гаштааст, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устуворӣ бахшидааст.

Аз ин рӯ, тамманои онро дорам, ки дар хонаводаи ҳар яки Шумо сулҳу амонӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва беҳбудӣ ҳувайдо бошад.

Ваҳдати миллӣ муборак!