Наврӯз Иди ниёгони мост

Наврӯз Иди ниёгони мост

Иди Наврӯз ҷашни оғози баҳор ва соли нави мардуми тоҷику форс аст. Он ба рӯзи аввали солшумори шамсӣ яъне 1-уми ҳамал ё 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд. Аз ин рӯ, Наврӯзро дар баъзе ноҳияҳои ҷумҳуриамон «Иди сари сол» ё «Иди соли нав» низ меноманд.

Навруз дар луғатҳо ба маънои рӯзи нав ва тоза, рӯзи нахустин, аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе, ки соли нав аз он oғоз мегардад, омадааст. Тақрибан зиёда аз 3 ҳазор сол қабл ҷашнгирии Наврӯз вобаста ба оғози кори деҳқон пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст. Дар ин рӯз Офтоб ба хатти истиво (экватор) меояд ва шабу рӯз баробар мушавад. Ниёгони мо рӯзи якуми моҳи фарвардин - моҳи  аввали солшумории шамсиро рӯзи якуми баҳор-саршавии кишту кор, бедоршавии табиат, олами наботот, такмили дунёи нав медонистанд. Аз ин лиҳоз, Наврӯз иди даромадани фасли баҳор, саршавии айёми кишту кор мебошад. Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст.

Бояд гуфт, ки маншаъ ва замони пайдоиши Наврӯз ба пуррагӣ маълум нест. Аммо ин ҷашн таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва куҳантарин ойину ҷашни миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Донишманд ва олими маъруфи тоҷики карни даҳум Абурайҳони Берунӣ дар китоби машҳури худ «Осор-ул-боқия «аз забони Али ибни Яҳё навистааст, ки «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст» ва дар китобаш « Ат-тафҳим» менигарад, ки «нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки  нишони соли нав аст».

Ҳикояту ривоятҳо дар бораи иди Наврӯз хело бисёранд Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Ат-тафҳим» овардааст, ки чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динҳо аз нав кард ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тоза буд Ҷамшед гирифт, агарчӣ пеш аз он ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд» Ҳамчунин дар ҷои дигари ин китоб чунин овардааст, ки «Аз расмҳои подшоҳон Наврӯз чист? Нахустин моҳ аст аз фарвардинмоҳ ва аз он ҷиҳат рӯзи нав ном карданд, зеро ки пешонии соли нав аст».

Бояд зикр намуд, ки мувофиқи маълумоти хондашуда аз осори Берунӣ чунин хулосабарорӣ кардан мумкин аст, ки ин донишманд,ба таври густурда дар бораи ҷашн гирифтани  Наврӯз сухан мегуяд ва дар таҳқиқоти хеш барои шинохти рамзу рози ойинҳо ва маросимҳои гуногун  на танҳо ганҷинаҳои куҳанро мекобад ва дарҳои онҳоро ба рӯи хонандагони асари гаронбаҳояш мекушояд, балки аз амалнамоӣ аз суннатҳои дерина дар рӯзгори худ низ хабар медиҳад. Ӯ ошкоро мегуяд, ки мардумони давронаш бо покизагардонию навзосии ҳамаи асбобу анҷоми рӯзгор ва оростани дастархону хона иди Наврӯзро бошукӯх истиқбол менамуданд.

Дар баъзе аз матнҳои куҳан, аз ҷумла «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, таърихи Табарӣ, «Ат-тафҳим», «Осор-ул боқия» - и Берунӣ ва «Наврӯзнома» и Хайём, шоҳ Ҷамшед, ё ин ки Кайюмарс ба унвони поягузори Наврӯз муаррифи шудааст. Падидоварии Наврӯз дар “Шоҳнома», ин гуна ривоят шудааст, ки Ҷамшед дар ҳоли гузаштан аз Озарбойҷон, дастур дод, то дар онҷо барои Ӯ тахте бигузоранд ва худаш бо тоҷи заррин бар рӯи тахт бинишаст. Бо расидани нури хуршед ба тоҷи заррини ӯ, ҷаҳон нуронӣ шуд ва мардум шодмонӣ карданд ва он рӯзро Наврӯз номиданд!

Ба Ҷамшед бар гавҳар афроштанд.

Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.

Бархе аз ривояти таърихӣ оғози Наврӯзро ба Бобулиён нисбат медиханд. Тибқи ин ривоятҳо таърихи Наврӯз дар сарзамини форс ба соли 538 пеш аз мелод, яъне замони ҳамлаи Куруши Кабир ба Бобул боз мегардад, ки маҳз ӯ Наврӯзро ҷашни миллӣ эълон кард. Вай дар ин рӯз барномаҳоеро барои сарбозон, поксозии маконҳои ҳамагонӣ ва хонаҳои шахсӣ ва бахшиши маҳкамшудагон иҷро менамуд. Ин ойинҳо дар замони подшоҳони дигари Ҳақоманишин низ баргузор мешудааст. Замони Дороӣ якум, маросими Наврӯз дар тахти Ҷамшед баргузор мешуд. Албатта, дар сангнавиштаҳои аз даврони Ҳахоманишиҳо барҷоймонда, ба таври мустақим ишорае ба баргузории Наврӯз нарафтааст, аммо баррасиҳо бар рӯи ин сангнавиштаҳо нишон медиҳад, ки мардум дар даврони онҳо бо ин ҷашн ошно буднд ва Ҳахоманишиён Наврӯзро бошукӯҳи бузурге ҷашн мегирифтаанд. Санадҳои таърихӣ шаходат медиҳад, ки Дороӣ як ба муносибати Наврӯз дар соли 414 қабл аз мелод сикаеро аз тилло зарб намуд, ки дар як суи он сарбозе хан номи тирандозӣ тасвир шудааст. Ҳамчунин дар баъзе ривоят, аз Зардушт ба унвони бунёдгузори Наврӯз номбар шудааст.

Дар замони Ашкониёну Сосониён низ Наврӯз ҷашн гирифта мешудааст. Ҳикояту ривоятҳо дар бораи иди Наврӯз хеле бисёранд. Масалан, Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Осор-yл боқия» овардаасг, ки «Чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт дар ин рӯз бар он савор шуд ва ҷину шаётин онро бардоштанд. Ва ба як рӯз аз куҳи дамованд ба Бобул омад. Мардум аз дидани ин амр дар шигифт шуданд, ва ин рӯзро ид гирифтанд.»

Дap «Наврӯзнома» -и Умари Хайём низ ба ҳамин нигориши равшангарона ба Наврӯзи замони қадим ва хусусиятҳои ойинҳои он рӯ ба рӯ мешавем ва ба бахти дигаре аз рамзу розҳои он пай мебарем.

Дар ин китоб оид ба сабаби Наврӯз ниҳодани ин ид омадааст, ки мардум дар замони қадим чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр аст. Яке он ки ҳар сесаду шасту панҷрӯз чоряке аз шабонарӯз ба аввалин дақиқаи бурҷи Ҳамал боз ояд ба ҳам он вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан чӣ ҳарсол аз муддат ҳаме кам шавад ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт «Наврӯз» номниҳод ва ҷашн бар по кард.

Аз китобҳои таърихӣ, яъне «Наврӯзнома»-и Хайём, «Осор-ул- боқия»,» Ат-тафҳим" и Берунӣ ва дигар асарҳо маълум мешавад, ки Наврӯз дар даврони қадим ба шаклҳои гуногун қайд карда мешудааст. Рӯзҳои ҷашнгирии ид низ фарқ доштааст.

Баргузории ҷашн Наврӯз дар замони Сосониён чанд рӯз (на кам аз шаш руз) тӯл мекашид. Ва ба ду давра тақсим мешуд. Наврӯзи хурд ё Наврӯзи омма, ки панҷ рӯз буд ва аз якум то панҷуми моҳи фарвардин гиромӣ дошта мешуд ва рӯзи шашуми фарвардин ҷашни Наврӯзи бузург ё  Наврӯзи хосса барпо мегашт. Дар ҳар яке аз рузҳои Наврӯзи омма табақае аз табақоти мардум-деҳқонон, руҳониён сипоҳиён пешаварон ва ашрофон ба дидори шоҳ меомаданд ва шоҳ ба суханони онҳо гӯш медод ва барои ҳалли мушкилоти онҳо дастур содир мекард.

Рӯзи аввали фарвардинмоҳ шоҳон ба тахт дар cap тоҷи ҳафтситорадор менишастаанду тули панҷ рӯз мардумро қабул мекардаанд, ҳоҷати онҳоро мебаровардаанд ва ҳадяҳо мебахшиданд. Нахустин кас, ки назди подшоҳ меомад, сарруҳонии замон ва пас аз он дигарон, ҳар кадом бо гурӯҳи худ пеш меомад ва тӯҳфаи Наврӯзӣ пешкаш мекарданд. Рӯзи шашум Наврӯзи Бузург буд ва хонадони шоҳ ва дарбориён роҳ меёфтанд. Ҷашни Наврӯз, ки дар гузашта баргузор мешуд, ҳамин панҷ рӯзро дар бар мегирифт.

Мувофиқи гуфтаи  Берунӣ дар аҳди шоҳони Сосонӣ фарвардинмоҳ ба шаш бахш тақсим шуда, чун моҳи Наврӯз ҷашн гирифта мешудааст: панҷ рӯзи аввалро Подшоҳон бо ашрофони худ, панҷ рӯзи дуюмро ба бахшидани ҳадяҳо, панҷ рӯзи сеюмро шоҳ бо хизматгузорони худ, панҷ рӯзи чаҳорумро бо одамони хосу наздиктаринаш, панҷ  рӯзи панҷумро бо лашкариёнаш ва панҷрӯзи боқимондаро бо омма ҷашн мегирифтааст. Дар ин рӯз ғайр аз шахсоне, ки худи подшоҳ мехост, каси дигар ҳуқуқи дар маҷлиси ӯ иштирок намуданро надошт. Дар тамоми рӯзҳои Наврӯзӣ навозандагон ва сарояндагон хоси дарбор дар хизмат буданд, ки ин ҳама як суннати таҷлили Наврӯз дар он давраҳо ба шумор мерафт. Инчунин об пошидан ба ҳамдигар яке аз анъанаҳои иди Наврӯзи даврони гузашта будааст, то кишвар сероб ва соли пешомад файзбор бошад.

Аввалин шоҳе, ки Наврӯзи ому хосаро бо ҳам омехта, рӯзи мобайни онро рӯзи ҷашн эълон кард, шоҳи Сосонӣ Хурмузд писари Шопур будааст.

Дар тули асрҳои гузашта ин ҷашни баҳор ба таъқиб дучор гардидааст. Бори нахуст дар даврони аввали исломӣ кушиши аз байн бурдани ин иди ниёгони мocypaт гирифта буд, аммо мардум ба ин ҷашн алоқаи зиёд нишон медоданд ва анъанаву суннатҳои онро чун гавҳараки чамш эҳтиёт менамуданд. Арабҳо чун диданд, ки ин идро бо зуриву ситам манъ кардан ғайриимкон acт, замони давлатдории хулафои Уммавӣ бо мақсади дар байни халқ пайдо намудани обру ва афзудани даромади хилофат ба гузаронидани иди Наврӯз иҷозат доданд.

Иди Наврӯз дар замонҳои туркон, муғулон ва дигар фармон равоён низ бо шодӣ ва хушӣ баргузор мешуд. Гирд омадан сари суфраи Наврӯзӣ, ки он ҳафт пояи аслӣ дорад, ки ҳафт син хонда мешавад ва чизҳоеро шомил мешавад, ки нахустин ҳарфи онҳо син аст ва ниёишгузориву ғазалхонӣ ва таронагуиву наматпардозӣ дар лаҳзаи гардиши сол, нафас дар сина ҳабз кардан ва хомӯш мондан ва чашм бар обу ойна ва шамъи фурузон, ки ҷой ошубу ғами поринаро бигирад, нуктаи авҷи ин сурур аст.

Ба ин тариқ, Наврӯз аз оинҳои куҳанбунёди он ҳамаги асотир ва армону фарҳанг ва таъриху адаби ҳазорсолаи мардуми форсу тоҷикро ягҷо дар худ фароҳам овардааст ва соле як бор онро дар пайванду паймони розомези фарҳангиашон ба сароғози сароғозҳо ва сарчашмаи сарчашмаҳо мебарад то тану ҷон дар оби поки ва рости бишӯянд ва паймони нав кунанд, ки ҳамвора некандеш, некгуфгор ва неккирдору навхоҳу, навҷу,навгардон бимонанд.

Наврӯз дар воқеъ яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Ин ҷашн, ки таърихан ба ҳаёти инсон дар рӯи замин алоқаи зич дошт ва тантанае ба эҳёи табиат буд. Маҳз баъд аз таҷилили пуршукӯҳи ин ид деҳқонон ба киштукори саҳро мебароянд. Ниёгони мо дар арафаи Наврӯз хонаву кошонаи худро сафед мекарданд ва ҳама либосҳои куҳнаи соли гузаштаро аз тирезаи хона берун намуда, сару либоси нав мепӯшиданд, ки ин рамз орзуи то соли оянда беҳбудиҳои зиндагиро дошт.

Дар қадим деҳқонон аз донаҳои зироатҳои гуногун, мисли ҷав, гандум, шолӣ, мош, нахуд, лубиё, ва ғайра сабзаҳо тайёр ва ба воситаи онҳо ҳосилнокии зироатҳои соли навро пешгӯи мекарданд. Дастархони Наврӯзӣ ғанитарин дастархони идҳо буд. Дар он гул, ширини, шарбат, май, нон, меваҷот мегузоштанд. Рақами ҳафт дар урфияти дар гузаштагон фархунда буд ва ба ин хотир дастархони «Ҳафт син» меоростанд, аз себ, санҷид, сико. суманак, сабза, сабзӣ, ки ишора ба хафт фариштагони бузург аст. Баътар «Ҳафт шин» ва «Ҳафт мим» низ барасмият дароварда шуданд. Ин далели он аст, ки Наврӯз дар масири таърих тозагиву навигариҳои тоза ба худ гирифта, такмилу тавсеа ёфтааст.

Аз омадани Наврӯз қабл аз ҳама кӯдакон бо баргузории маросими гулгардонӣ ба дигарон пайғом мерасонанд. Ин маросим як ҳафта қабл аз Наврӯз,  яъне дар аввалҳои даҳаи аввали моҳи март аз сӯи гурӯҳе аз кӯдакон, ки дар даст гулҳои сияҳгуш, бойчечак ё наврӯзӣ  доранд, иҷро мешавад.

Ин кӯдакон ба ҳар манзили маскунӣ наздик шуда, бо хондани шеърҳо фарорасии фасли баҳорро ба соҳибони он хонадон шодбоши мегӯянд. Соҳибхона ба кӯдакон шириниҳо ҳадя намуда, аз расидани айёми Наврӯз шукр гузорӣ менамояд.

Воқеан Наврӯз аз маросими халқи бой аст. Дар маросими рамзҳои Наврӯз орзую омоли мардумони меҳнат таҷассум ёфтаанд. Барои мардум  бештар чунин ҷиҳатҳои ид маъқул аст, ки он лаҳзаи пайванди инсон ва табиат буда гуё лаҳзае аз муроҷиати деҳқонро ба замин дар урфу одатҳо иникос намудааст.

 Давлатов Искандар – узви фаъоли Иттифоқи касаба,

омӯзгори муассисаи таълимии №-14 -и н.Кушониён