Муроҷиатномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба муносибати 12-июни-Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди меҳнати кӯдакон

Созмони Милали Муттаҳид 12 июнро ҳамчун Рўзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кўдак эълон намудааст.
Санаи мазкур дар саросари дунё бо гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ таљлил мегардад. Ҳар сол аз ҷониби Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат бахшида ба ин рўз мавзўи асосӣ ҳамчун шиори рўз эълон мегардад, ки вобаста ба он чорабиниҳои марбут ташкил ва гузаронида мешаванд.
Рӯзҳои байналмиллалӣ имкони омӯзонидани васеъи ҷомеъа оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳ, сафарбар намудани иродаи сиёсӣ ва захираҳо барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ, ноил шудан ба маърифат ва тавонмандӣ мебошад.
Соли 2021 Соли байналмилалии барҳам додани меҳнати кӯдакон дар ҷаҳон эълон гардида буд. Рӯзи умумиҷаҳонии соли 2021 пас аз тасвиби ҳамаҷонибаи Конвенсияи 182-и СБМ дар бораи шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар вазъе буд, ки бӯҳрони COVID-19 ба пешрафти ҳалли ин мушкилот монеа эҷод мекард.
Моҳи июни соли 2021 ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонӣ, СБМ ва ЮНИСЕФ, таҳти сарпарастии Alliance 8.7, чорабиниҳо ва амалҳои нави ҷаҳонии мубориза ба меҳнати кӯдакон гузаронида шуд. Дар амалисозиии ин чорабиниҳо пандемияи COVID-19 ва бӯҳрони бесобиқаи иқтисодӣ, ки ҳамроҳи он аст, ба пешрафт дар самти рафъи меҳнати кӯдакон таъсир расонид.
Моҳи июли соли 2019 Ассамблеяи Генералӣ якдилона эъломияеро қабул кард, ки соли 2021-ро Соли байналмилалии барҳам додани меҳнати кӯдакон эълон кард ва аз Созмони Байналмилалии Меҳнат дархост намуд, ки дар татбиқи он сарварӣ кунад.
Мо бояд талошҳоро барои расидан ба ҳадафи 8.7 Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола оид ба хотима додан ба ҳама шаклҳои меҳнати кӯдакон то соли 2025 пурзӯр кунем.
Тоҷикистон дорои қишри аҳолии ҷавон ва ояндадор мебошад ва давлати мо мавқеи худро нисбати ҳуқуқи кӯдак муайян кардааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба тасвиб расонида, тибқи онҳо ҷаҳати барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кўдак дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ тадбирҳои амалӣ меандешад.
Таваҷҷуҳ ба масъалаи мазкур аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ковенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи кўдак (1989), Конвесияҳои Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат № 138 “Оиди ҳадди ақали синну сол барои ба кор қабул кардан” (с.1993) ва №182 “Оиди манъ кардан ва аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кўдак” (2005) ва Тавсияномаи ТБМ №190 “Оиди манъ намудан ва чораҳои зарурӣ андешидан ҷиҳати нест намудани шаклҳои бадтарини меҳнати ноболиғон” сарчашма мегирад.
Дар ин радиф қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2014, таҳти №169 “Рўйхати корҳои шароиташон номусоид ва зараровар, ки истифодаи меҳнати ашхоси аз 18-сола хурд иҷозат дода намешавад ва ҳадди меъёрҳо ҳангоми дастӣ бардоштан ва кашонидани борҳо” ва аз 31 октябри соли 2014, таҳти № 690 “Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” тасдиқ гардида буд.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба тасвибрасида ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ буда ба манфиати ҷавонон, ки ояндаи миллатанд, равона карда шуда, барои амалишавии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва роҳ надодан ба ҷалби кӯдакон ба шаклҳои бадтарини меҳнат, таъмини бехатарӣ, ҳифзи саломатӣ ва қобилияти кории насли наврас дар Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат ҷараёни ҳаёт ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.
Бояд ба ҳар як шаҳрванд, корфармо, корманд ва падару модар муҳтавои ин хуҷҷатҳои зарурӣ расонида шавад.
Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои дахлдори давлатӣ бо дастгирии Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат як қатор Барномаҳоро амалӣ карда истодааст, ки ба бартараф намудани ҳамаи намудҳои бадтарини меҳнати кӯдакон мусоидат менамояд. Ҳоло дар назди шӯъбаи Ҳифзи меҳнати Федератсия “Зершӯъба оиди меҳнати кӯдакон” таъсис дода шудааст, ки мутобиқи нақшаи кори шуъба омӯзиш-тренингҳо бо нозирони меҳнат ва фаъолони иттифоқи касаба дар ин мавзӯъ гузаронида шудаанд. Зершӯъба чун марказ оид ба масоили кӯдакон барои иттифоқҳои касаба фаъолият мебарад ва чораву тадбирҳои иттифоқҳои касабаро оид ба барҳам додани меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон ҳамоҳанг мекунад. Аз ҷониби мутахассисони шӯъбаи ҳифзи меҳнат Барнома оид ба бартараф намудани меҳнати кӯдакон ва меҳнати маҷбурӣ амалӣ шуд. Паҳншавии шаклҳои бадтарини меҳнати кўдак барои бехатарӣ, таҳсилу маълумотгирӣ, саломатӣ ва некуаҳволии кулли кўдакон оқибатҳои фалокатовар дорад.
Мубориза бо меҳнати кўдак масъалаи рушд аст ва мутобиқи қонунгузории ҷорӣ яке аз вазифаҳои асосии давлат маҳсуб дониста шуда, барои таҳкими минбаъдаи заминаҳои меъёрии ҳуқуқии ин самт пайваста чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Рушди иқтисодиёти кишвар, баландшавии сатҳи некӯаҳволии мардум имкон медиҳанд, ки дар барҳам додани меҳнати кўдак мақомоти иҷроия дар ҳамкорӣ бо шарикони иҷтимоӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба пешравиҳо ноил гардем.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмин намудани ҳуқуқи кӯдак, аз ҷумла, барҳам додани меҳнати кўдак корхои зиёдеро ба анҷом расонидааст ва дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат, ки Тоҷикистон низ аъзои фаъоли ин Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат аст, мақсад гузоштаанд, ки то соли 2025 шаклҳои бадтарини меҳнати кўдаконро барҳам диҳанд.
Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон якҷоя бо ташкилотҳои ҳамузв ҳифзи иҷтимоӣ, дастрасӣ ба ҳифзи саломатӣ ва истироҳат дар муассисаҳои истироҳатию солимгардонӣ дар давраи таътили тобистонаро омилҳои муҳими пешгирӣ ва барҳам додани меҳнати кӯдакон медонад.
Шумораи кўдакону наврасоне, ки дар соли 2021 аз ҳисоби маблағҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷудошуда 4269 нафар ба истироҳату солимгардонӣ фаро гирифта шуданд. Аз ҷумла кӯдакони ятиму бепарастор – 280 нафар, кўдакон аз оилаҳои камбизоат -681 нафар, кўдакони болаёқат -2075 нафар, кўдакони соҳаҳои гуногун -232 нафар, кўдакон аз мактаб интернатҳо- 1001 нафар мебошанд.
Дар мавсими фарогирии кӯдакон ба истироҳату солимгардонии таътили тобистонаи соли 2022 дар нақша аст, ки шумораи муайяни кӯдаконро дар 50 истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ фаро гирифта шавад.