Машварати омӯзишӣ бо муҳосибони ташкилотҳои Иттифоқи касаба

Санаи 17 июни соли 2022 машварати омӯзишӣ «Доир ба самтҳои асосии фаъолияти муҳосибӣ дар ташкилотҳои ҳудудӣ (шаҳрӣ, ноҳиявӣ) ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» бо иштироки М.Ширинзода-раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон, И.Шарипов-мудири шуъбаи молия, банақшагирӣ ва хоҷагидорӣ, аъзоёни комиссияи назоратию тафтишотӣ ва муҳосибон аз ташкилотҳо доир карда шуд.

Машварат бо суханони ифтитоҳии М.Ширинзода оғоз гардида, сипас И.Шарипов вобаста ба парвандаҳои муҳосибон, вазъи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шароити пардохти музди меҳнати кори кормандони соатбай ва дар ду (чанд) ҷой коркунандаи корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», тартиби муайяни ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳои молиявӣ ва вазъи он, пардохти аъзоҳаққӣ ва маблағҳои ҳиссаҷудокунӣ, истифодаи маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои солимгардонии кормандон ва фарогирии кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ва инчунин коргузории молиявии он, тартиби пешниҳоди дурусти ҳисоботҳои молиявӣ, маълумотҳои ҷории молиявӣ ва ғайраҳо суханронӣ намуд.

Зимни чорабинӣ бо иштирокчиён саволу ҷавобҳо доир карда шуд, ки аксарияти онҳо ба масъалаи пардохти рухсатиҳои меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда, рухсатиҳои иҷтимоӣ, рухсатии бемузди меҳнат, рухсатии муваққатии бемузд ё қисман музднок ва дигар намуди рухсатиҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқамандӣ дошт.

Дар охир, ба муҳосибон дастур дода шуд, ки семинарҳои омӯзиширо бо муҳосибони муассисаҳои таълимӣ бештар бояд намуд. Ба мушкилотҳои онҳо расидагӣ мебояд.