ДДБ ба номи Н.Хусрав соҳиби Ҷоми ИККМИҶТ аз намуди волейбол

Имрӯз (31.05.2022) ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Маҷмааи варзишии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Спартакиадаи варзишии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доир гардид.
Дар мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол беҳтарин дастаҳои вилояти Суғд (Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон), вилояти Хатлон (Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав) ва шаҳри Душанбе (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия) ширкат варзиданд. Мусобиқа дар сатҳи баланд ва пурҳаяҷон доир гардида, бозингарон аз худ маҳорати баланди варзиширо нишон доданд. Мувофиқи ҷамъбасти протоколҳои бозӣ дастаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав сазовори ҷои аввал ва Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷои дуюм гашт.
Дар ҷамъбасти Спартакиада, З.Нозакзода-раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, И.Файзизода -муовини якуми раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Н.Мирзозода-сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳ.Набизода-сардори шуъбаи кор бо дастаҳои мунтахаби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баромад намуда, таъкид доштанд, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди варзиш ва ҷалби бештари таваҷҷуҳи насли ҷавону ояндасози миллат ба ҳаёти солим заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ғолибони Спартакиадаи варзишӣ бо «Ҷоми Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» диплом ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардиданд.