Дастаи маорифчиёни шаҳри Кӯлоб сазовори Ҷоми мусобиқаи варзишии волейбол

Финали мусобиқаи варзишии волейбол миёни дастаҳои маорифчиёни шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Ҷайҳун бисёр пурэҳсос ва ҷолибу диданӣ сурат гирифт. Маҳорат ва касбияти бозингарон исбот сохт, ки воқеан ҳам дастаҳо тасодуфан ба даври финал роҳ наёфтаанд.

Дастаи маорифчиёни шаҳри Кӯлоб бо бартарияти начандон зиёд (3:2) ғалаба ба даст оварда, сазовори Ҷоми мусобиқаи варзишии волейбол ба номи Санг Холназар, Дипломи дараҷаи 1, медал ва мукофотпулӣ гардиданд. Бо ҳамин тартиб дастаи маорифчиёни ноҳияи Ҷайҳун сазовори ҷойи 2 гардида, соҳиби Дипломи дараҷаи 2, медал ва мукофотпулӣ гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷом ва дипломҳои дараҷаи 1 ва 2 санаи 23 майи соли 2022 дар маросими ҷоизасупории раиси вилояти Хатлон дар ҳузури ҷавонони вилояти Хатлон супорида мешавад.

(аксҳо аз маросими ҷоизасупорӣ низ нашр хоҳанд шуд)