Басти аввали сафарбаркунии кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Файзи Истиқлол»

Басти аввали сафарбаркунии кӯдакону наврасон  ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Файзи Истиқлол»

Имрӯз (20 июни соли 2022) раисони ташкилотҳои ҳудудӣ, кӯдакону наврасон ва волидайни онҳо бо мақсади таъмини иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 23 майи соли 2022, №163 «Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, №211 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2022» ва Нақшаи чорабиниҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он ҷиҳати сафарбаркунии кӯдакону наврасон ба басти аввали истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Файзи Истиқлол" дар саҳни бинои Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон ҷамъ омаданд.

Бояд қайд намуд, ки дар ин баст 100 нафар кӯдакону наврасон аз ҳисоби фарзандони омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят ба сайёҳиву солимгардонӣ, тарбияи ватандӯстиву завқи зебоипарастӣ фаро гирифта шуданд.

Истироҳати хуш ба Шумо дӯструякон!