Ёвон. Ҳамоиши назариявӣ дар мавзӯи “Ҳифзи арзишҳои миллӣ, давлатдории дунявӣ ва ҳуқуқӣ”

Санаи 26 майи соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таълимии №80 ноҳияи Ёвон бо иштироки А.Носиров-мудири шуъбаи кадрҳо, ташкилӣ ва коргузории Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон, Қ.Абдуллоев-раиси Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Ёвон ва раисони ташкилотҳои ибтидоии Иттифоқи касаба ҳамоиши назариявӣ дар мавзӯи “Ҳифзи арзишҳои миллӣ, давлатдории дунявӣ ва ҳуқуқӣ” доир гардид. Ҳамоиши мазкурро Қ.Абдуллоев ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро ба муҳтавои чорабинӣ шинос намуд. Сипас, А.Носиров вобаста ба мавзӯъ баромад намуда, қайд намуданд, ки имрӯзҳо бо ташаккул ёфтани равандҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ дар ҷаҳони муосир сатҳи худшиносии миллии ҷавонон аҳамияти хосаро касб менамояд. Дар раванди ҷаҳонишавӣ бисёре аз арзишҳои аслии инсонӣ аз байн рафта, ҷойи онҳоро арзишеҳое мегиранд, ки сунъию сохта ва фалаҷкунандаи мафкура, фарҳанг ва ахлоқ мебошанд. Ин раванд боиси коста гардидани сатҳи худшиносии миллии мо гардида, дар ин замина барои пойдории давлату миллат хатар эҷод мекунад. Номбурда дар анҷоми суҳбат таъкид намуданд, ки барои муттаҳидии аҳолии кишвар, таъмини якпорчагии Ватани соҳибистиқлоламон мо бояд пеш аз ҳама ба арзишҳои бузурги миллӣ рӯ орем, онҳоро чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, аз бегонашавӣ муҳофизат намоем, истиқлолияти давлатӣ ва амнияту субботи ҷомеаро аз ҳама дигар манфиатҳо боло гузорем. Сипас, В.Шодиев – раиси ташкилоти ибтидоии ИК МТМУ №11 ва Ҳ.Акрамова – раиси ташкилоти ибтидоии ИК Мактаб-интернати ноҳия баромад намуда, аз гуфтаҳои болозикр ҷонибдорӣ намуданд.