Қадрдонии омӯзгор Ҳабибулло Эргашов

Қадрдонии омӯзгор Ҳабибулло Эргашов
Қадрдонии омӯзгор Ҳабибулло Эргашов
Қадрдонии омӯзгор Ҳабибулло Эргашов
Санаи 8 июни соли 2022 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61-и ноҳияи Восеъ вохӯрӣ бо иштироки М.Ширинзода-раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон, М.Орифзода-мудири шуъбаи маорифи ноҳия, М.Ҳалимзода - раиси Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳия ва ҳайати омӯзгорони муассисаи №61 доир гардид. Ҳадаф аз баргузории вохӯрӣ ин қадрдонӣ аз фаъолияти бисёрсолаи бенуқсони Ҳабибулло Эргашон-омӯзгори муассисаи таълимии №17-и ноҳия буд, ки эшон дар тарбияи насли наврас, рушди соҳаи маорифи ноҳия ва таҳкими ҳаракати Иттифоқи касаба саҳми босазо дорад.
Фаъолияти устод ибратбахш аст. Аз он ҷумла, даҳҳо шогирдонашон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар кору фаъолият намуда истодаанд.
М.Ширинзода зимни баромади худ қайд намуданд, ки муаллим равшангари дилҳо ва ҳидоятгари роҳи рост дар зиндагӣ мебошад. Агар он заҳматҳои устод намебуд, ҳама аз илму дониш дур мемонданду дунё тираву тор мегардид.
Расад ҷон бар лаби бечора устод.
ҳарферо ба шогирде диҳад ёд.
Бояд қайд намуд, ки Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Р.Ҳ. зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бо устод Ҳ.Эргашов вохурӣ намуда, фаъолияти бисёрсолаи устодро баҳои баланд дода, намунаи ибрати дигарон унвон намуд.
Дар охири вохӯрӣ, Омӯзгор бо Ифтихорномаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон, шуъбаи маорифи ноҳия ва туҳфаҳои молию пулӣ қадрдонӣ гардид.